Расул Ҳоҷиев, табиби Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе барои бархато гузаронидани дору ба Севинч Шукурова, як бемори ноболиғ, ки боиси маргаш гашт, ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Волидони духтари фавтида аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд, вале табиб дар сухани охиринаш аз ҳукм норозигӣ кардааст.
Дар ин бора Рдиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, ҳукмро рӯзи 19-уми сентябр Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир кардааст ва табиби Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" ба "номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ" (моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шудааст.
Бар асоси ҳукм, Расул Ҳоҷиев ба 6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум гардида, баъди адои ҷазо, се соли дигар ҳақ надорад ба кори табибӣ машғул шавад.
Шоира Зуҳурова, модари духтари фавтида, баъд аз эълони ҳукм ба ин расона гуфтааст, ки аз қарори додгоҳ розӣ аст.
“Дуруст аст, ки духтари ман дигар зинда намешавад. Вале ин ҳодиса метавонад як тағйироти мусбӣ дар ин бахш биёрад ва дигар чунин ҳолатҳо рух надиҳад”, - гуфтааст Зуҳурова.
Аммо яке аз наздикони табиби маҳкумшуда гуфтааст, ки Расул Ҳоҷиев дар сухани охирин дар додгоҳ аз модари духтари фавтида узрхоҳӣ карда, гуфт, ҳеҷ гоҳ намехост чунин ҳодиса рух диҳад ва ҳамчунин гуфтааст, падари чор фарзанди ноболиғ будани ӯро ҳам ба назар гиранд.
Табиб баъд аз эълони ҳукм норозигӣ кардаааст. Ҳоло маълум нест, ки ӯ аз рӯи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ шикоят мекунад ва ё на.
Бояд гуфт, ки Расул Ҳоҷиев, духтур-ҷарроҳи Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба Севинч Шукуроваи 17-сола, ки боиси марги ахирӣ шуд, гумонбар дониста мешуд.
Қаблан модари Севинч Шукурова тафсилоти қазияи рухдодаро дар як мактуби кушод ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гуфта ва даъво оварда буд, ки духтари 17-солааш бо сабаби саҳлангорӣ ё хунукназарии духтури номбурда ба ҳалокат расидааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз марги Севинч Шукурова ва баҳсҳое, ки дар пайи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархост, "Азия-Плюс" дар барномаи “Рости гап” қазияи мазкур ва дар умум, ҳолати бахши тибби кишварро бо ширкати табибону мутахассисон баррасӣ кард.
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург (қисми 2)”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста