Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафари худ ба Британияи Кабир дар ҷаласаи 28-уми генералии Ассотсиатсияи байналмилалии додситонҳо иштирок намуд.
Дар доираи ин сафр, ӯ бо Макс Ҳилл, додситони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва ҳамчунин, додситонҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабинии зикршуда мулоқот намуд.
Зимни мулоқоте, ки дар Департаменти (вазорати) корҳои дохилӣ, Департаменти (вазорати) корҳои хориҷӣ ва Хадамоти бехатарии Британияи Кабир доир гашт, ҳамкории муштарак дар мубодилаи иттилооти фаврӣ оид ба хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардидаанд.
Ба мувофиқа расида шудааст, ки байни Додситонии кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи Британияи Кабир дар самтҳои болозикр ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.
Бояд гуфт, ки Юсуф Раҳмон бо як сафари корӣ ба Аврупо рафта, дар доираи ин сафар бо додситонҳову масъулини воломақоми мақомоти назоратии кишварҳои аврупоӣ мулоқотҳо намудааст.
Аз ҷумла, 22-уми сентябр Юсуф Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо додситони кулли Подшоҳии Белгия Фредерик Ван Лёв, директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия Фредди Рузмонт ва роҳбари Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) Герт Веркутерен мулоқотҳо анҷом дод.
Қаблтар аз ин, Юсуф Раҳмон бо додситони кулли Испания низ вохӯри анҷом дода буд. Зимни он масъалаҳои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа дастгир ва истирдоди ҷинояткорон баррасӣ шуданд.
Пештар аз ин додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) дар Фаронса мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда буд.
Зимни ин мулоқотҳо додситони кулли Тоҷикистон бештар масоили истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намудааст.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста