Полиси Душанбе 24 ноболиғеро, ки Рӯзи парчами давлатиро бо ҳаракати гуруҳӣ тавассути автомашина ва доду фиғон таҷлил намудаанд, боздошт кардааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 24-уми ноябри соли ҷорӣ, зимни таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ 11 нафар ронанда ва 13 нафар мусофирони онҳо, хонандагони мактаб аз ноҳияи Рудакӣ ва шаҳри Душанбе тавассути автомашина ҳаракати гурӯҳӣ ташкил намуда, мусофирони онҳо аз паҳлӯи воситаҳои нақлиёт ба берун баромада, тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон ва ҷони худро зери хатар гузоштаанд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, дида мешуд, ки як гурӯҳ наврасон тавассути қатори мошинҳо ҳаракат карда, дар даст парчами Тоҷикистон доштанд ва паҳлӯи воситаҳои нақлиёт ба берун баромада, доду фиғон мекарданд.
Дар робита ба ин ҳодиса, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбати 11-нафар ронандагон барои ташкили ҳаракати гурӯҳӣ тибқи талаботи моддаи 328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб додааст. Дар ин банди қонун ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Нисбати 5 нафар хонандагони яке аз муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ бошад, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба масъулини ШВКД-1 дар ноҳияи Рудакӣ ирсол карда шудааст.
Инчунин нисбати волидайни 8 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд. Ин банди қонун, огоҳӣ ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян кардааст.
Раёсати ВКД дар шаҳи Душанбе зикр кардааст, ки ҳарчанд ин ноболиғон бо ин амал муҳаббати худро ба парчам нишон доданӣ бошанд ҳам, вале кирдори онҳо аз доираи меъёрҳои ахлоқӣ берун буда, ронандагон зимни ҳаракати гурӯҳӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид сохтаанд.
Бояд гуфт, ки навори “таҷлили бошукуҳ”-и Рӯзи парчами давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва аз ҷониби корбарон маҳкум гардид. Аксари шореҳон таъкид намуданд, ки ҳарчанд ин нафарон Рӯзи парчами давлатиро таҷлил мекунанд, аммо онҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Барои ин онҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста