Пайвандони як гурӯҳ шаҳрвандон, ки бо ҳукми додгоҳ барои “таблиғи порнография” дар Тоҷикистон аз 5 то 8 сол зиндонӣ шудаанд, барои бозбинии ҳукм ва раҳоии онҳо аз ҳуқуқдонҳо мадад хостаанд. Муроҷиати онҳо рӯзи дувуми декабр дастрас шуд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Як вакили мудофеи маҳкумшудаҳо рӯзи 6-уми декабр ба ин расона гуфтааст, “шумораашон 27 нафар аст” ва “онҳо дар натиҷаи амалиёт дар моҳҳои апрел, май ва июн дар нуҳ минтақаи ҷумҳурӣ дастгир шуданд”.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳукм дар охири моҳи июни имсол баромадааст. Шарҳи расмии он дастрас нест.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба амалиёти боздошти 27 кас изҳори бехабарӣ кардаанд. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 6-уми декабр гуфтааст, “дар махзани хабарҳои вазорат чунин иттилоъ нест”.
Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ин афрод дар асл ба гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир шуда, чун дар қонун дар ин бора банди махсус нест, бар асоси таблиғи порнография ҷазо гирифтаанд”.
Радиои Озодӣ менависад, ки натавонист ба таври мустақилона ин хабарро тасдиқ кунад. Волидони маҳкумшудаҳо низ ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Вакили дифое, ки ин расона бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст, ба далели амниятӣ ва ахлоқӣ номи волидон ва шахсони зери ҳимояашро фош накардааст. Аммо тасдиқ кардааст, ки “ин афрод дар як гурӯҳи пӯшидаи интернетӣ ба якдигар аксу видеои аъзои таносул ва маълумотро дар бораи худ фиристода, амали ҳамҷинсгароёна анҷом медодаанд”.
“Намояндагони мақомот дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки ба муносибати ҳамҷинсгароии онҳо кор надоранд, аммо намебоист аксу видеои аъзои баданро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ мекарданд. Бинобар ин, 27 нафарро бар асоси қисми сеи моддаи 241-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (паҳни маводи порнографӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ) гунаҳкор донистанд”, - гуфтааст вакили дифоъ.
Ба қавли ӯ, волидони маҳкумшудаҳо онҳоро бегуноҳ медонанд ва мунтазири бозбинии ҳукм ҳастанд.
Дар гузашта баъзе аз афроди “ҳамҷинсгаро” дар Тоҷикистон асосан ба гуноҳи паҳн кардани бемории норасоии масунияти бадан ё “ВИЧ/СПИД” дастгир шудаанд, вале боздошти гурӯҳии онҳо камсобиқа мебошад.
Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Бунёди глобалии мубориза бо СПИД соли 2015 мардону занони ҳамҷинсгароро дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор шумурда буд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳрасти беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки онҳо ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъд аз он ки феҳраст мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳрастро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Игор Черевченко сармураббигии “Истиқлол”-ро боз ба дӯш гирифт
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста