Кадом намудҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар хонаводаҳои кишвар бештар ба назар мерасанд? То кадом андоза ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила аз ҷониби мақомоту сохторҳои дахлдор тафтиш карда мешаванд?
Сокинони кишвар барои пешгирии зӯроварӣ ва табъиз чӣ гуна ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо муроҷиат карда метавонанд?
Чӣ бояд кард, то далелҳои хушунати хонаводагӣ ҷиддан пайгирӣ шуда, волоияти қонун риоя гардад?
Меҳмони барномаи навбатии “Оила – макони меҳрубонӣ” сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода ба суолҳои рӯзноманигор Субҳон Ҷалилов ҷавобҳои дақиқ мегӯяд. Бо тамошои мусоҳиба дониши ҳуқуқии худро оид ба масоили оилавию ҷамъиятӣ беҳтар карда метавонед.
Видеоподкасти “Оила – макони меҳрубонӣ” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид "Нури рӯшноӣ" таҳия шудааст.

Манбаъ: Ректори Донишгоҳи далатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста