Додгоҳ як сокини вилояти Хатлонро барои кушторҳои содиргардида дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа-Командир, ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила даст дошт.
Ҳукмро додраси Додгоҳи шаҳри Бохтар, Наҷмиддин Садриддинзода, рӯзи 23-юми феврали имсол содир кард. Тибқи он, Юсуф Солиҳов 12 сол ҷазоро дар зиндони низомаш сангин мегузаронад. Пайвандони қурбониён ҳукмро "сабук" дониста, бозбинии онро талаб доранд.
Радиои Озодӣ ҳамчунин бо истинод ба яке аз манобеи огоҳ менависад, "Солиҳов бар асоси банди 104 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштани ду нафар ё аз он бештар гунаҳкор дониста шуд. Пештар додситон ба ӯ 15 сол зиндон талаб кард".
Солиҳовро дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристоданд. Додситонии кулли Русия он замон хабар дода буд, ки дархости Тоҷикистонро қонеъ карда, Юсуф Солиҳовро барои даст доштан дар куштори 22 нафар, аз ҷумла як зани ҳомиладор ва ҷалби ӯ ба ҷавобгарӣ ба ихтиёри Тоҷикистон дод.
“Тибқи фарзияи тафтишот, 14 октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанд Солиҳов бо маслиҳати пешакӣ бо автомати Калашников мусаллаҳ шуда, ба хонаи ҷабрдида меояд. Ҳадафи онҳо ғоратгарӣ ва азхудкунии моликият будааст. Пас аз қатли аъзои хонавода, гурӯҳи Солиҳов ҷасадҳоро бензин рехта, бо мошини ҷабрдидаҳо аз ҷойи ҳодиса фирор намуд”, – иттилоъ дода буд Додситонии кулли Русия.
Дар ин куштор ду нафар ҷон ба саломат бурданд. Худи Солиҳов минбаъд қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, муддати тӯлонӣ дар Русия пинҳон мешуд.
Яке аз онҳое, ки дар ин ҳодиса зинда мондааст, Бахтовар Абдуллоев аст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, он замон ҳамагӣ 11 сол дошт.
“Нуҳ мард ва сездаҳ зан, аз ҷумла хоҳаронам, модар ва бибиямро куштанд. Қурбониён аз 10 то 55 сол доштанд. Аммаам, Бибихол, зинда монд,” - нақл кардааст Бахтовар Абдуллоев.
Ба иттилои Бахтовар Абдуллоев, айбдоршаванда дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, “ҳамроҳи шахсони мусаллаҳ дар манзили зисти кушташудаҳо буд, вале тир назад ва касеро накушт”.
“Додрас аз Юсуф Солиҳов пурсид, ки чаро пеши роҳи дигаронро нагирифт ва касеро наҷот надод, дар посух “намедонам” гуфт,” – нақл кардааст Бахтовар Абдуллоев.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.
Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста