Ба навиштаи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Умарҷон Абдуҷабборов, сокини 47-солаи шаҳри Хуҷанд ба он гунаҳкор шудааст, ки соли 2020 ба Русия барои муҳоҷирати корӣ рафта, дар онҷо ба тарғибу паҳн кардани ақидаҳои ифротии мубаллиғони ташкилоти экстремистии равияи динии “Салафия” машғул шудааст.
“ Умарҷон Абдуҷабборов дар хонаи иҷорагирифтааш бо ду нафар дӯстонаш оши ҳарифона ташкил карда, бештар сари таблиғи ақидаҳои ифротии мубаллиғони ташкилоти экстремистии равияи динии “Салафия” суҳбат мекардааст ва тириқи шабакаҳои иҷтимоии “Мессенҷер” ва “Вотсап” сабти овозу наворҳои хусусияти ифротгароидоштаро ирсол кардааст”, - зикр мегардад дар ҳукми додгоҳ.
Ба навиштаи манбаъ, Умарҷон Абдуҷабборов соли 2023, вақте ба шаҳри Хуҷанд баргашта, ба кирокашӣ машғул буд, боздошт ва охири ҳамон сол дар асоси моддаи 307 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба 5 соли зиндоз маҳкум шудааст.
Бояд гуфт, ки фаъолияти равияи динии “Салафия” аз соли 2009 ба инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ буда, аз соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шудааст.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста