Дар қаламрави Беларус бо дархости сохторҳои қудратии Маскав зодаи Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ шаҳрвандии Русия гирифта, ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуд, лекин пеш аз сафарбарӣ ба артиш аз нуқтаи ҷамъшавӣ фирор кардааст. Дар ин бора Медиазона бо истинод ба Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Зодаи Тоҷикистон мутобиқи модда дар бораи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ айбдор карда мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсат, мардро ба Маскав оварда, дар бозпурсӣ ӯ ба гуноҳаш иқрор шудааст.
“Ду зодаи Тоҷикистон, соли таваллудашон 2004 ва 2005 мутаносибан солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ даъват шуданд. Аммо рӯзи 22 октябри соли 2023 онҳо нуқтаи ҷамъшавии комиссариати ҳарбии шаҳри Маскавро тарк карда, ба самти номаълум ғайб задаанд”, - иттилоъ медиҳад Раёсат.
Гуфта мешавад, айни замон муфаттишон айбдоршавдаи дуюмро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Дар пасманзари идомаи ҷанг дар Украина мақомоти Русия кӯшиш доранд теъдоди даъватшавандагон ва шахсонеро, ки тибқи қарордод хизмат кардан мехоҳанд, зиёд кунанд.
Моҳи декабри соли 2023 2 шаҳрванди Тоҷикистон зикр карда буданд, ки сохторҳои қудратии Русия бо истифода аз шиканҷа онҳоро ба имзои қарордод бо Вазорати мудофиа маҷбур кардаанд.
Моҳи август нашрияи “7х7” хабар дод, ки дар вилояти Калуга низ муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба имзои қарордод ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русия маҷбур кардаанд.