Капитани милитсия Раҳимзода Ф.С, ки аз як шаҳрванд дар ноҳияи Варзоб 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст, дар рӯи ҷиноят боздошт гардид, хабар медиҳад Агентии зиддифасоди Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, як шаҳрванд аз Агентӣ хостааст, нисбати таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб капитани милитсия Раҳимзода Ф.С. чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Капитани милитсия аз шаҳрванд барои радди оғози парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолати садамаи нақлиётӣ 20 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
“Аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, санаи 12 феврали соли 2024 Раҳимзода Ф.С. баъди дар утоқи кории худ аз С.Т. гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд”, - менависад Агентии зиддифасод.
Назари ин копитани милитсия ё адвокат ва ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нест.
Ҳоло вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Раҳимзода Ф.С. бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳият баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Бояд гуфт, ки бо гирифтани пора дастгир шудани кормандони милится бори аввал нест ва дар гузашта ҳам дар ин робита хабарҳо нашр шуда буданд.
Аз ҷумла, моҳи феврали имсол Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Абдураҳимзода Т. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи махсусан зиёд хабар дода буд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии имсолаи “Шохиси коррупсия” дар байни 180 кишвар дар мақоми 162, яъне дар байни 20 давлати аз ҳама фасодзадаи сайёра ҷой гирифтааст.