Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе оғоз кардааст, ки чанд хонанда як шарикдарси тоҷики худро бо ҳарфҳои бегонаситезона лутукӯб мекунанд. Дар ин бора “Телеграм-канал”-и расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.
Дар гуфта мешавад, ки Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаро шахсан зери назорат гирифта, аз зердастонаш хостааст, ки дар робита ба ин ҳодиса маълумот пешниҳод кунанд.
Ба иттилои ин раёсат, “дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш шудааст, ки дар яке аз муассисаҳои таълимии Санкт-Петербург мактаббачагон як ҳамсолашонро латукӯб кардаанд. Ин амалҳо дар видео сабт шудаанд. Гуфта мешавад, ки омӯзгор дар синфхона буда, барои пешгирии муноқиша сари вақт чора наандешид”.
Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ки ду нафар (писарон) як хонанда (духтар)-ро дар синфхона латукӯб мекунанд. Яке аз онҳо ба пушти духтар бо мушт мезанад, ки дар натиҷа ӯ чанд дақиқа нафасгир мешавад.
Дар миёни онҳо зане дида мешавад, ки ба эҳтимол омӯзгор аст, вале талоши ҷудо кардани хонандагонро надорад. Танҳо як хонанда кӯшиш мекунад, лутукӯбро боздорад, вале бенатиҷа меанҷомад.
Нафаре, ки ҷараёни ҳодисаро ба навор мегирад, ҳарфҳои бегонаситезона мисли "Русия барои русҳост, Москва барои москвагиҳо аст" мезанад.
«Дар он шарҳҳои дағалонаи наврасе, ки наворбардорӣ мекунад, дида мешавад, ки дар пай барангехтани адовати қавмӣ дорад. Навор хело бераҳмона аст. Ман намефаҳмам, ки муаллимон дар куҷо буданд ва чаро онҳо ба полис занг назаданд”, - навиштааст Екатерина Мизулина, директори Лигаи бехатарии Интернет.
Расонаҳои маҳаллии Петербург навиштаанд, ин ҳодиса дар моҳи феврали соли ҷорӣ рух дода, навори он нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъд аз ҳодиса дар ҳузури волидони духтар хонандагон аз вай маъзарат хостаанд.
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад
Муҳаққиқи рӯзгори шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик. Академик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Масҷиди меҳмонкуш”
Ҳавои Тоҷикистон сарду боронӣ ва ҳарорат то 7-9 дараҷа поин меравад
Саидҷаъфар Усмонзода дар боздоштгоҳ 64-сола шуд. Сарнавишти ояндаи ӯ ҳамоно норӯшан аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста