Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон як додраси додгоҳи шаҳри Кӯлобро барои "паст задани шаъну эътибор"-и додрас аз вазифа озод кардааст. Фармони барканории додрас дирӯз, 3-юми июн имзо ва имрӯз, 4-уми июн дар сомонаи Хадамоти матбуотии президент нашр шуд.
Манбаъ, аз додрас Ҳанифа Алимзода ном бурдааст, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси додгоҳи шаҳри Бохтар кор карда, соли 2022 додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоб таъин шуда буд.
“Алимзода Ҳанифа Акбар бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад”, - омадааст дар фармони президент.
Дар бораи "кирдоре ки шаъну эътибор"-и додрасро паст мезанад, хабар дода нашудааст. Вале қаблан, президент баъди хабарҳо дар бораи ба фасод даст задани додрасҳо онҳоро аз вазифа озод мекард.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ӯ боздошт ва ё бар зиддаш парванда боз шудааст ё не.
Дар бораи Ҳанифа Алимзода дар расонаҳо маълумоти зиёд дастрас нест. Танҳо гуфта мешавад, мурофиае, ки ба ҳукми Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқ, ки 8 солу 6 моҳи зиндон шуда буд, ҳашт моҳи дигар илова шуд, зери раёсати ӯ гузаштааст.
Зимнан, имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои як қарор Каримзода Абдураҳмон Раҳимро бинобар вафоташ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон озод кард.
Ҳафтае пеш дар бораи марги ин мансабдори тоҷик хабар расида буд, ки дар пайи як беморӣ дар Ҳиндустон вафот кард ва дар Тоҷикистон ба хок супорида шуд.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста