Салимҷон Насриддинов, як соҳибкори зодаи Тоҷикистон дар додгоҳи федеролии Бруклини Ню-Йорк иттиҳоми ирсоли таҷҳизоти таҳримшуда ба Русияро эътироф кардааст. Николай Голтсев, сокини Канада ва шарики Насриддинов ҳам иттиҳомро эътироф кардааст. Аммо шарики сеюми онҳо Кристина Пузирева айбро қисман эътироф намудааст.

Дар ин бора вазорати адлияи ИМА хабар медиҳад.

Ҳамаи онҳо ба он айбдор мешаванд, ки таҷҳизоти таҳримшударо ба Русия фурӯхтаанд ва Русия онро дар ҷанг зидди Украина истифода кардааст.

Насриддинов ва Голтсев дар додгоҳи федеролии Бруклин эътироф кардаанд, ки аз номи ширкатҳои русии таҳримшуда дар харидани қисмҳои таҷҳизоти радиотехникӣ миёнаравӣ кардаанд.

Русия ин таҷҳизотро дар силлоҳҳои низомӣ истифода кардааст ва намунаҳояш дар анборҳои силоҳи мусодирашудаи русҳо дар ҷанги Украина ошкор гаштааст.

Кристина Пузирева бошад, танҳо иттиҳоми “машварат бо ҳадафи шустушӯи даромад аз нақшаи экспорти маҳсулот”-ро  эътироф мекунад.

Салимҷон Насриддинов, Николай Голтсев ва Кристина Пузирева

Иван Арвело, яке аз муфаттишон зикр кардааст, ки “бо эътирофи иттиҳом муттаҳамон даст доштанашонро ба кӯмаки моддӣ ба Кремл дар ҳаҷми беш аз 7 миллион доллар тасдиқ карданд”.

Тибқи қонунҳои Амрико, дар сурати испоти пурраи гуноҳ ба Насриддинов ва Голтсев то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳукм нисбати онҳо бояд рӯзҳои 10 ва 11-уми декабр содир шавад.

Лиза Монако, муовини додситон дар мурофиа гуфтааст, “айбдоршавандаҳо маводи электронии амрикоиро бо арзиши миллионҳо доллар содирот кардаанд ва ин маҳсулот барои мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишине ба кор рафтааст, ки Русия дар ҷанги зидди Украина истифода мекунад”.

Назари худи муттаҳамон маълум нест ва вакили диои онҳо ҳам изҳороте надодааст.

Бояд гуфт, хабари боздошти Насриддинов ва шарикони ӯ моҳи ноябри соли 2023 нашр шуда буд. Пас аз он ҳеҷ яке аз онҳо ба гуноҳаш иқрор нашуд. Насриддинов рӯзи 31 октябр дар Бруклин боздошт шуд. Голтсев ва Пузирева дар яке аз меҳмонхонаҳои Манҳеттен ҳангоми ба аёдати Насриддинов рафтан дастгир шуданд. Он замон ҳеҷ кадоме аз онҳо иттиҳоми эълоншударо эътироф накарда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.