Зодаи Тоҷикистон дар вилояти Алматои Қазоқистон мадрасаи ғайриқонунӣ (пинҳонӣ) ташкил карда, дар он 19 нафар кӯдакон таълими динӣ мегирифтаанд. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад.
"Мақомоти додситонии ноҳияи Қарасай дар ҳамдастӣ бо додситонии вилояти Алмато дар доираи лоиҳаи "Кӯдакии хушбахт ва бехатар" якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдор мадрасаи ғайриқонунии диниро, ки дар он 19 кӯдак таълим мегирифтанд, ошкор карданд", - омадааст дар хабар.
Мадраса дар қаламрави манзили хухусӣ амал карда, шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз адабиёти динӣ кӯдаконро таълим медодааст.
“Дар ҷараёни азназаргузаронӣ 178 нусха адабиёти динӣ, инчунин телефони мобилӣ ва ноутбук дарёфт ва мусодира шуда, ба ташхис фиристода шуданд, - хабар медиҳад додситонии вилоят. - Масъалаи ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани боздоштшуда мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамаи кӯдакон ба волидонашон баргардонида шуданд”.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Уфа (Русия) хабар дода шуда буд, ки 16 нафар кӯдаконро дар хона нигоҳ медоштанд. Мардон дар ин хона мадрасаи ғайриоқонунӣ ташкил карда буданд.
Ҳодисаи ба ин монанд дар Қирғизистон ҳам рух дода, он ҷо низ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 11 июл дафтари мтбуоти КДАМ Қирғизистон дар бораи ошкор шудани ду лагери ғайриқонунии динӣ дар Бишкек хабар дод.Тибқи маълумоти хадамоти махсус, ин муассисаҳо бидуни қайд дар Комиссияи давлатии умури дин фаъолият доштанд. Дар ин лагерҳо 110 нафар кӯдакон - писарону духтарони синни аз 6 то 17-сола таҳсил мекарданд.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста