Додситони вилояти Хатлон ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст, ки як муттаҳам ба куштори директори мактаб ва оилаи ӯ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 1993-ро пайдо ва боздошт намоянд. Ду муттаҳами дигар чанде пештар боздошту барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.
Авазҷон Назарзода, додситони вилояти Хатлон 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои пайдо ва боздошт кардани охирин муттаҳам ба қатли директори мактаб дар ноҳияи Дӯстӣ ва оилаи ӯ дар соли 1993 ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст.
Мирзо Одинаев, директори мактаби №11-и ноҳияи Дӯстӣ ва зану се фарзанди ноболиғаш 20-уми марти соли 1993 кушта шуданд. Бо гузашти 31 сол, 10-уми июни соли 2024 додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Дӯстӣ - Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаевро барои ин куштор муттаҳам донист ва ҳардуро ба муҳлати 15 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Вале Ортиқ Файзуллоев, нафари сеюм, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад, то ҳол боздошт нашудааст.
Зимни муҳокимаи додгоҳӣ таъкид гардидааст, ки Одинаев ва оилаи ӯро Зайниддин Баходиев, Абдураҳмон Тағаев ва Ортиқ Файзуллоев бо маслиҳати пешакӣ ба лаби заҳбур бурда, ба хотири ба вазифаи директори мактаб таъин кардани одами худашон бо истифода аз яроқи оташфишон ба қатл расонидаанд.
Дар нишасти ахири матбуоти додситони Хатлон гуфт, ки “парвандаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад ва кӯшиш мекунанд ҷиноят то охир кушода шуда, ҳамаи ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.
“Ҷинояти куштор муҳлати гузариш надорад ва мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ҷинояти куштору ғоратгарӣ, ки солҳои пеш содир шудаанд, кушода шаванд. Аз ҷумла, нафари сеюми гумонбар дар куштори Мирзо Одинаевва оилаи ӯ боздошту муҷозот гардад”, - гуфт Аваз Назарзода.
Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли равон додситонии вилояти Хатлон якҷо бо гурӯҳи фаврии ВКД ва зерсохторҳои он дар вилоят 4 ҷинояти кушору ғоратгарии солҳои пеш содиршударо ошкор ва муттаҳамонро ба додгоҳ супоридаанд.
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста