Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 8-уми сентябр хабар дод, ки баъди санҷиши навори задухӯрди як гурӯҳ ҷавонон, чор нафарро дастгир кардааст. Манбаъ аз онҳо Абдураҳмонзода Фирӯз, Абдураҳмонзода Парвиз, Наимов Фахрид ва Наимов Фатҳиддин ном бурдааст. Гуфта мешавад, ки онҳо дар кӯчаи Пӯлодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ байни ҳам муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Додгоҳ ин ҷавононро бо гумони майдаавбошӣ (моддаи 460 КҲМ ҶТ) панҷ шабонарӯз ҳабс кардааст.
Назари худи ҷавонон ва наздиконашон дар робита ба ин қазия маълум нест. Пулис ҳам шарҳи бештаре надодааст, аммо баъди роҳ ёфтани ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарони зиёде ин ҳолатро маҳкум карданд.
Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки дар Душанбе ҷавонон байни ҳам муноқиша мекунанд. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Дар баъзе занозаниҳо ҷавонон ҳатто аз корд ва олоти дигари халанда истифода карда буданд.
Моҳе қабл дар натиҷаи задухӯрд миёни ду гурӯҳи наврасон дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе аз зарби корд як ноболиғ кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Пулис дар робита ба ин ҳодиса 6 нафарро ҳамчун гумонбар дастгир карда, нисбаташон бо моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 (Абошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари занозанӣ бо силоҳи теғдор чор ноболиғ кушта шудаанд.
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”
Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст
Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?
Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми "Формати Маскав" вориди Русия шуд
Чӣ гуна «Душанбе Сити Бонк» шуморо аз қаллобон ҳимоя мекунад?
Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб
Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста