Як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва модари 4 фарзанд ба он гумонбар мешавад, бо корд шавҳарашро захмӣ кардааст. Дар ин бора аз барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и ВКД иттилоъ дода мешавад.
Дар навор аз ин зан Лутфия Сафариева, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ном бурда мешавад, ки рӯзи 28-уми августи соли равон “аз ҳиссиёти рашк ва нобоварӣ” шавҳараш Фирӯзҷон Бердиевро бо корд задааст.
“Аз қаҳру ғазаб хостам, ки тариқи суд ҳеҷ чизро харида натавонад, сейфашро оташ задам, сумҳояш сухтанд. Шавҳарам омад дид, ки сейфаш оташ задагӣ аз қаҳру ғазаб гулуи маро қапид. Ман ҳам хостам худро аз дасташ халос кунам ё ин ки асабӣ будам, ки нохост бо кордча бо дасти рост ба пушташ задам. Як бор ба пушт як бори дигар ба куҷое аз дасташ буд, ҳаминқадар дар хотирам ҳаст”,- нақл мекунад Лутфия Сафариева дар навор.
Маълум нест, ки дар дохили сейф чӣ қадар маблағ буд ва он бо кадом роҳ ба даст оварда шудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки сухан дар бораи кадом суд меравад.
Ба гуфтаи манбаъ, Фирӯзҷон Бердиевро наздиконаш ба беморхона бурдаанд ва ӯ дар натиҷаи зарба бо корд “ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст”.
Нисбати Лутфия Сафариева барои сӯиқасд ба одамкушӣ ва одамкушӣ (моддаи 32 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷинотяӣ боз шуда, тафтишот аз ҷониби Додситонии ноҳияи Варзоб идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 8 то 15-соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Назари наздикони ҳарду тараф ва вакилони дифои онҳо маълум нест.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста