Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Вахшро барои қаллобӣ, заминфурӯшӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо 9 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда аз ин шахс Суҳроб Рустамзода ки бо тахалусси “Шайх” низ ошно аст, ном бурда, гуфт, ӯ аз як шаҳрванд бо ваъдаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо воситаи шиносҳояш дар додситонии вилоят 80 ҳазор сомонӣ гирифта, “ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст”.
“Ҳамчунин, дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум карда шуд, ки Суҳроб Рустамзода бо рафиқаш Абдусалом Дамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ аз моҳи сентябри соли 2015 то сентябри соли 2024 бо роҳи фиреб аз чор шаҳрванд ба маблағи умумии 100,9 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Саталмуши” ноҳияи Вахш 3350 метри мураббаъро ба 7 нафар тақсим карда, ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ додаанд”, - гуфт Варқаи Заёниддин.
Маълум нест, ки Суҳроб Рустамзода кай ва чӣ гуна дастгир шудааст. Вале Додситонии вилояти Хатлон нисбати Рустамзода ва шарикаш Абдусалом Дамонов барои қаллобӣ (моддаи 247), худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он (моддаи 338) ва сохтакории ҳуҷҷатҳо (моддаи 340) парвандаи ҷинотяӣ боз карда, баъди баррасӣ, парвандаҳоро аз ҳам ҷудо ба додгоҳ ирсол кард.
Додгоҳ вилояти Хатлон парвандаи Суҳроб Рустамзодаро аз Абдусалом Дамонов ҷудо баррасӣ карда, ӯро гунаҳкор ва 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Абдусалом Дамонов ҳоло боздошт нашудааст ва дар ҷутуҷӯй қарор дорад.
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Беморӣ аз ваҳму хиёл”
Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста