Фаррух Носиров, роҳбари ҳамакнун пешини дастгоҳи шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) бо гумони қаллобӣ аз сӯи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ин бора Қаюм Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба иттилои ӯ, Носиров баъди дастгир шуданаш аз вазифа озод гардида, ҳамчунин, ваколати вакилиаш дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол бекор карда шудааст.
Қаюм Маҳмудзода гуфт, роҳбари пешини дастгоҳаш ба он гумонбар мешавад, ки се сол пеш замоне, ки дар ҳукумати шаҳр кор намекард, ҳамчун миёнарав дар хариду фурӯши хона аз чандин нафар маблағ гирифта, ба манфиати онҳо коре накардааст.
Вале Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр бо нашри хабар дар бораи боз шудани парванда нисбати Фаррух Носиров навишт, ки ӯ “бо истифода аз мақоми хидматӣ” аз як шаҳрванд барои хусусӣ кардани ду манзили истиқоматии давлатӣ 45 ҳазор сомонӣ гирифта, “ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард”.
"Чунончи, Носиров Ф.С. дар давоми соли 2023 аз мақсади шаҳрванд Ю. М. Р. ҷиҳати харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ хабардор шуда, ба охирин пешниҳод кард, ки бар ивази маблағи 20000 сомонӣ метавонад аз маҳаллаи 1-ум ва бар ивази маблағи 25000 сомонӣ аз маҳаллаи 2-юми шаҳри Истиқлол манзилҳои истиқоматии давлатиро ба ному насабаш хусусӣ гардонида диҳад.
Ҳамин тариқ, Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард", - гуфта мешавад дар хабари Оҷонсии фасод.
Ин ниҳод навишт, ки Носиров ду соли охир (аз июли соли 2022 то июли соли 2024) ба ҳайси раиси дастгоҳи шаҳри Истиқлол кор мекард.
Оҷонсии зиддифасод гуфт, Фаррух Носиров қаблан ду маротиба суд шуда, вале “аз ин ҳолат ба худ хулосаи зарурӣ набаровардааст”.
Раиси шаҳри Истиқлол ҳам гуфт, роҳбари пешини дастгоҳи шаҳр аз ин пеш ду маротиба бо қаллобӣ боздошт шуда, бо қарори додгоҳ бо пардохти ҷарима озод шуда буд.
Маълум нест, ки чӣ гуна ӯ бо доғи судӣ дар дастгоҳ кор кардааст.
Ҳоло ба иттилои Оҷонсии фасоди кишвар нисбати Фаррух Носиров барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон) паврандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба додгоҳ исрол шудааст.
Назари худи Носиров, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.
Ҳоло Кароматулло Аюбов, роҳбари дастгоҳ шаҳри Истиқлол аст.
Муҳоҷирон ободонии маҳалҳояшонро бар дӯши худ мегиранд
Баъди “эътироз”-и мансабдорони Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста