Додгоҳи ноҳияи Хуросон як сокини ин ноҳияро барои латукӯби ҳамсар ва фарзанди семоҳааш 8 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора сомонаи ин додгоҳ рӯзи 29-уми октбяр хабар дода, навиштааст, ки ҳодиса 7-уми июли ҳамин сол рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Алимов М.Г. дар ин рӯз дар ҳолати мастӣ ба хонааш, ки деҳаи Чорбоғи ҷамоати Садриддин Айнии ноҳия будааст, меравад ва бо ҳамсараш ҷанҷол мекунад. Гуфта мешавад, дар ин ҷанҷол мард ҳамсарашро латукӯб мекунад ва ин боиси зарари ҷисмонӣ дидани фарзанди навзодашон мешавад.
Додгоҳи Хуросон навиштааст, ки баъди ин ҳолат кудаки семоҳаро дар беморхонаи вилояти Хатлон бистарӣ кардаанд. Тибқи хулосаи тиббӣ-додгоҳӣ косахонаи сари ин навзод осеб дидааст, ки ин зарарри вазнин ба саломатӣ ва хавфнок дониста мешавад.
Додгоҳи Хуросон Алимовро бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ноболиғ (моддаи 110 қисми 2 банди “в” кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста, ӯро барои 8 сол ба зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Назари худи муттаҳам ва наздикони пайвандонаш ба ин ҳукми Додгоҳи Хуросон маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки ҳодисаи латукӯби ҳамсару фарзандон дар ҳолати мастии марди хонадон ва боздошту зиндонии ӯ расонаӣ мешавад. Қаблан низ мақомот дар ҳодисаҳои мушобеҳ ба ин чандин нафарро боздошт карда буданд.
Аз ҷумла, чанде пеш пулиси Душанбе як мардро бо гумони куштори фарзанди дусолааш боздошт ва бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.
Мақомот гуфта буданд, ки гумонбаршуда рӯзи 14-уми сентябри соли равон вақте дар ҳолати мастӣ ба хонааш меояд, гиряву фиғони духтарчааш ӯро асабӣ мекунад. Ӯ тоқат накарда, аввал ҳамсарашро латукӯб карда, пасон духтарчаашро бо тасма мезанад ва дар охир ӯро буғӣ карда мекушад.
Пулис бар зидди ин мард бо моддаи 104 (одамкушӣ бо бераҳмии махсус)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карда буд. Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад. Аммо дигар мақомот хабар надоданд, ки баҳси ин қазия то куҷо расидааст.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста