Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар пойтахт аз боздошти як ҷавони 22-сола хабар дод, ки сабаби марги майори милитсия, корманди Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) шудаааст. Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиётӣ рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Мақомот, аз ин ҷавон Анушервон Шарифзода сокини пойтахт ном бурданд ва ӯ “барои содир намудани садамаи марговари нақлиётӣ” боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Шарифзода ҳуҷҷатӣ ронандагӣ надошта, шаби 13-уми январ мошини тамғаи “Опел-Астра”-и падараш Асадулло Шариповро гирифта, вақти ҳаракат дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт Беҳрӯз Саидализода, майоири милитсия ва корманди БДА-ро зимни адои хидмат пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
“Дар натиҷа, Сайдализода Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расид”, - омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар Душанбе.
Ба иттилои мақомот, Анушервон Шарифзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва бар зидди ӯ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ (моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) ва дар хатар мондани ҷони одам (моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.
Тибқи қонунгузорӣ иттиҳоми аввали боздоштшуда вобаста ба бандҳои ин модда то 10 соли зиндон ва иттиҳоми дуюм бо дарназардошти бандҳои модда то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Мувоффиқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2020 то 2023-юм дар роҳҳои Тоҷикистон 4 ҳазору 364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 692 нафар ҳалок гашта, 4 ҳазору 776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Тибқи таҳлили Вазорати корҳои дохилии кишвар аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайра рух додаанд.





Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста