Аз Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаи ошӯб дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё Муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдатро пеш мебарад, гуфтанд, дар пайи ин ҳодиса сардори зиндон захмӣ шуда, нисбати ин ҳодиса барои “сӯиқасди куштор” ва “номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар дар посух ба суоли “Азия-Плюс” оид ба сабабу омилҳои ошӯб дар зиндони Ваҳдат, изҳороти қаблан дар расонаҳо нашршудаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро дубора такрор кард.
Додситони кул илова кард, ки “гурӯҳи маҳкумшудагоне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекарданд ва ба ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, байни худашон маслиҳати ҷинояткорона карда, бо асбобу анҷоми халандаю бурранда мусаллаҳ гашта, ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, 3 нафари онҳоро ҷароҳатдор мекунанд, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин буда, дигаронаш каме вазнин ва сабук” аст.
Қаблан дар шарҳи ин ҳодиса Вазорати адлия гуфта буд, ки рӯзи 3-юми феврал дар муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби 9 маҳбус бо мақсади фирор бетартибӣ сар зад, ки дар натиҷа, 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал гуфт, “кӣ кардааст, баро чӣ кардааст, аз ҷониби кӣ шудааст, ҳамаи инро тафтишот муайн мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Додситонии кул дар муассисаи ислоҳӣ кор мекунад.
Номбурда тасдиқ кард, ки сардори Муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст. Қаблан, бархе манбаъҳо аз захмӣ шудани сардори зиндон ва муовинаш хабар дода буданд.
Ӯ номи сардори зиндонро нагуфт. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ аз сардори зиндон Садриддин Айнӣ ном бурдааст.
“Дар ин ҳолат оиди сӯиқасди куштор ва номураттаб сохтани кори муассисаҳои ислоҳӣ, ки инро моддаи 332 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”, - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Дирӯз, 13-уми феврал, Музаффар Ашуриёy, вазири адлия, ки назорати зиндонҳо ба уҳдаи ин ниҳод аст, оид ба сабабу омилҳои бетартибӣ дар зиндони Ваҳдат бо баҳонаи он ки “ба раванди тафтишот халал нарасонем”, аз додани ҷузъиёти дигар худдорӣ кард ва гуфт, ки “баъди анҷом ёфтани тафтишот метавонед аз мақомоти тафтишотӣ ва судӣ маълумотӣ иловагӣ гиред”.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 3-юми феврал дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд. Аммо дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе манобеи иттилоотӣ аксҳое пайдо шуданд, ки дар он ҷасади 5 ва номи 7 кушташуда зикр мешуд.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста