Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар чанд рӯзи гузашта аз боздошти се корманди шабакаҳои барқ бо гумони “азонихудкунӣ”-и маблағ, ду ҷавон барои дуздии пули “терминал” ва ронандае, ки хонандагонро зери таъсири маводи мухаддир ба мактаб мебурд, хабар доданд. Пулис ҳамчунин, навори бастани кӯдакон бо ресмон аз сӯи волидайн, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд дар пай дошт, шарҳ доданд.
Шарҳи мақомот дар бораи бастани кӯдак бо ресмон дар хона
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар шарҳи бастани кӯдакон аз сӯи волидайнаш навишт, ки онҳо ноболиғонро дар манзили истиқоматиашон бе назорат гузошта, дар тарбияи наврасон бемасъулиятӣ нишон додаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳолатро санҷида, “бо назардошти ҳолати воқеии вазъи зиндагонии номбурдагон” нисбати падару модару кӯдак корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида чораҳои дахлдори қонунӣ андешидаанд.
Пулиси Душанбе дар бораи шароит ва вазъи зиндагии ин хонавода иттилоъ надодааст.

Назари худи волидайн нисбати ин қазия маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, ду кӯдаки хурдсол дар хона беназорат монда, якеашон дар гаҳвора ва дигаре бо ресмон баста шудааст.
Дар ин навор нафаре, ки худро ҳамшираи тиббии маҳалла муаррифӣ кардааст, мегӯяд, волидайни ин ду ноболиғ онҳоро баста ба кор мераванд ва онҳо дар идораи нигоҳдории роҳ (ДЭУ) кор мекунанд.
Боздошти як ҷавон бо гумони интиқоли мактабачагон дар ҳолати мастӣ
Дирӯз, 20-уми апрел пулиси пойтахт ҳамчунин, аз боздошти як сокинони 36-солаи шаҳр хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, зери таъсири маводи мухаддир кӯдаконро ба мактаб мебурд.
Раёсати корҳои дохила аз ин мард Далер Гулов ном бурда, гуфтааст, ки “номбурда мунтазам ба истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи “Метамфетамин” ба истилоҳ “кристалл” машғул шуда, бо идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷони худ ва дигаронро зери хатар гузоштааст”.

Нисбати ронанда маводҳои зарурӣ ҷамъоварӣ шуда, тафтишот идома дорад.
Назари худи ронанда нисбати ин қазия маълум нест.
Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод дар соли 2024-ум дар кишвар 110 кило маводи психотропӣ мусодира кардаанд, ки 59 кило аз соли 2023-юм бештар будааст. Ҳамзамон 17,87 ҳазор ҳабҳои маводи мухаддири синтетикӣ мусодира карданд, ки ин 13,67 ҳазор бештар нисбат ба соли 2023-юм мебошад.
Боздошти се кормандаи шабакаҳои барқ бо гумони азхудкунии маблағи барқ
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии кишвар (ВКД) аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи се корманди шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод.
Ин ниҳод гуфтааст, корманди боздоштшудаи шабакаҳои барқи Ҷалолиддини Балхӣ сокини 46-солаи ноҳияи Кӯшониён буда, “давоми солҳои 2024 ва 2025-ум 58 ҳазору 750 сомонӣ маблағи барқро аз аҳолӣ ҷамъоварӣ карда, танҳо 8 ҳазору 797 сомониашро ба суратҳисоби ташкилоти барқ гузаронида, боқимондаро азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст”.
Ду корманди дигари шабакаҳои барқи Абдураҳмони Ҷомӣ, яке роҳбари тиҷоратӣ ва дигарӣ нозир буда, дар солҳои 2024-2025 “аз 68 нафар муштарӣ 70 ҳазору 661 сомонӣ барои истифодаи қувваи барқ ҷамъоварӣ карда, танҳо 38 ҳазору 366 сомониро ба суратҳисоби шабакаҳои тақсимоти барқ гузаронида, боқимондаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд”.
ВКД гуфтааст, алайҳи гумонбаршавандаҳо барои азонихудкунӣ ё моддаи 245 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 6 соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Назари се нафар боздоштшуда нисбати ин қазия ва гуфтаҳои мақомот маълум нест.
Боздошти ду ҷавон дар Хатлон барои дуздии ғайриоддӣ
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 20-уми апрел Раёсати ВКД дар Хатлон аз боздошти ду нафар хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, “бо роҳу усулҳои нави ҷиноӣ” ба дуздӣ даст задаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “пулҳо 100 сомонаи бо “скотч” печонидашударо ба терминалҳо ворид карда, баъди гузаштани маблағ ба суратҳисоб пулҳои бо скотч басташударо ба қафо кашида мегирифтаанд”.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо “ба ин васила, тариқи электронӣ аз маҳзани терминалҳо дар умум 21 ҳазору 474 сомониро тасарруф кардаву аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Пулиси Хатлон аз дастгиршудаҳо Тошпулотов Сафаралӣ ва Куганов Алимурод ном бурда, гуфтааст, ки Тошпулотов “пеш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардидааст”.
Мақомот гуфтаанд, ки алайҳи онҳо барои дуздӣ ё бо моддаи 244 қисми 2 парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 5 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшудаҳо ё наздикони онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста