Дар пайи зиёд шудани зиндониёне, ки барои фаъолияти экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои тундрав маҳкум шудаанд, ҳукумати кишвар барномаи махсуси солимгардонӣ ва барқарорсозӣ қабул кардааст. Барои тадбиқи барнома беш аз 38,5 млн ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки 17,5 млн сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ аст.
Дар ин бора аз 28-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расидааст, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Дар қарор омадааст, мақсади барнома “солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкум шудаанд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии онҳо аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ” мебошад.
Дар асоси он, ба маҳбусон тарбия ва хизматрасонии равоншиносӣ дода шуда, ба ҷомеаи солим баргардонида мешаванд. Барномаи мазкур барои солҳои 2025-2029 татбиқ мегардад.
Барқарорсозии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва равонӣ, ба ҳаёти солим ва ба ҷамъият баргардонидан, фароҳам овардани шароит ва ташкили касбомӯзӣ, назорати мунтазам ва қатъӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии барнома гуфта шудааст.
Барои иҷрои ин барнома “сабаб, шароит ва омилҳои ҷалби онҳо ба таври инфиродӣ омӯхта шуда, нисбат ба ҳар нафари онҳо тадбирҳои инфиродии барқарорсозии зеҳну афкор” тадбиқ карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ислоҳи ин гурӯҳи маҳбусон “душвор” буда, барои ислоҳи онҳо “корҳои зиёди барқарорсозӣ ва солимгардониро ба роҳ мондан зарур аст”.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хадамоти равоншиносӣ бо ҷалби равоншиносони махсус омодакардашуда ташкил карда шавад.
Тибқи ин санад барои тадбиқи барномаи солимгардонии маҳбусон дар умум 38 млн 520 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ – 17 млн 530 ҳазор сомонӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 20 млн 990 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад.
Пешбинӣ гардидааст, ки бо амалӣ кардани барнома фаъолияти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ беҳтар, маҳкумшудагон ислоҳ, оқибатҳои дигари манфии иҷтимоии ҷудокунии маҳкумшудагон аз ҷомеа бартараф мегарданд.
Барнома дар се марҳила аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.
Ба иттилои Омбудсмени Тоҷикистон, ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13 ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244 шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.
Ин ниҳод қаблан аз шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳо, аз ҷумла аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳбусон, ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудан (ВИЧ), гирифторӣ ба бемории сил ва фавти маҳбусонро дар зиндонҳо интиқод карда буд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон дар нишастҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки баъзе аз зиндонҳо азнавсозӣ шуда ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шуда истодааст.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста