Мақомот ҳафтаи гузашта, дар Душанбе ва Хатлон ба тахриби нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии сарироҳӣ, ки ба гуфтаи онҳо ғайриқонунӣ ва худсарона ташкил шудааст, оғоз карданд. Дар ҷараёни рейд, аз ҷониби кормандони милитсия ва шаҳрдорӣ дар ноҳияи Шоҳмансур даҳҳо ошхонаҳои сарироҳӣ, нуқтаҳои фурӯши аз чӯб сохташуда ва таваққуфгоҳҳои ғайриқонунӣ, ки ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Ваҳдат монеъа эҷод мекарданд, тахриб шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар ҷараёни ин чорабинӣ ба қаламрави гирду атрофи бозори “Обшорон” таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, савдои ғайриқонунӣ қатъ ва иншооти худсарона сохташуда тахриб гардида, қаламрави бозор ба тартиб оварда шудааст.

Чанд рӯз пеш, Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон ҳам хабар дод, ки дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар ин вилоят якчанд дӯкон ва нуқтаи хидматрасонӣ дар атрофи бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар бартараф ва “нисбати ҳуқуқвайронкунандагон 540 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст".

Мақомот гуфтаанд, ки дар дохили бозор нуқтаҳои холӣ ҳаст, вале соҳибкорон ба онҷо намераванд. 

“Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ якчанд фурӯшандаҳо дар дохили бозор соҳиби ҷой ва раста барои ба фурӯш баровардани маҳсулот гардиданд”, - омадааст дар хабари мақомот. 

Назари онҳое, ки дӯконҳояшон тахриб ва ё кӯчонида шудаанд, маълум нест. Мақомоти Хатлон мегӯянд, ин амалиёт 10 рӯз давом мекунад.

Дар пайи тахриби дӯконҳои ба қавле худсарона сохташуда, "Азия-Плюс" аз ҳуқуқшиносони Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи дастрас” пурсид, ки сохтмони худсарона чист ва чӣ гуна онро метавон қонунӣ кард?

 

Сохтмони худсарона чист?

- Мувофиқи меъёрҳои моддаи 293 Кодекси мадании Тоҷикистон (аз соли 2023), сохтмони худсарона сохтмоне (хонаи истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла таҷдиди онҳо) мебошад, ки дар қитъаи замини бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бе гирифтани иҷозати зарурӣ ё ба таври назаррас вайрон кардани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Тахриби сохтмони ғайриқонунӣ дар ҷараёни рейди кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансур
Сурат: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шахсе, ки худсарона сохтмон кардааст, ба он ҳуқуқи моликият пайдо намекунад. Он ҳуқуқ надорад чунин сохтмонро ихтиёрдорӣ кунад, аз ҷумла фурӯшад, ҳадя намояд, ба иҷора супорад ва вобаста ба он аҳди дигарро анҷом диҳад.

Сохтмони худсарона тибқи даъвои шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон шудааст ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд аз тарафи шахси онро сохта ё аз ҳисоби он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур, вайрон карда шавад.

Тахриби сохтмони ғайриқонунӣ дар ҷараёни рейди кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансур
Сурат: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар сохтмони худсарона дар қитъаи замини бо мақсади сохтмон тибқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда бо розигии заминистифодабарандаи якумдараҷа сурат гирифта бошад, чунин заминистифодабаранда ҳуқуқ надорад вайрон кардани онро талаб намояд. Агар сохтмон дар қитъаи замини худсарона ишғолшуда анҷом дода шуда бошад, он бояд бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вайрон карда шавад.

1/7

Шахсе, ки сохтмони худсаронаро бевиҷдонона анҷом додааст, ҳуқуқ ба ҷуброни зиёнро надорад, вале метавонад маводи сохтмонро ихтиёрдорӣ намояд.

Ихтиёран вайрон накардани сохтмони худсарона дар муҳлати муқарраршуда ё муҳлати дигари оқилона маънои даст кашидан аз ҳуқуқи моликият ба маводи сохтмонро дорад.

 

Ҳуқуқи моликият

Ҳуқуқи моликияти шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода бо талаби он аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба ин шахс барои сохтмон дода шуда бошад. Дар сурати вафоти шахсе, ки сохтмони худсаронаро анҷом додааст, бо талаби меросгирони ӯ ҳуқуқи моликияти шахси вафоткарда эътироф шуда метавонад.

Ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсаронаи аз ҷониби шахси дигар анҷомдодашуда аз тарафи суд бо талаби шахсе, ки қитъаи замин ба он барои сохтмон дода шудааст, эътироф шуда метавонад.

Дар ин ҳолат шахсе, ки ҳуқуқи моликияташ ба сохтмони худсарона эътироф шудааст, ба шахси сохтмонро анҷомдода арзиши хароҷоташро, ки андозаи онро суд муайян менамояд, пардохт мекунад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони дигарро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ба муҳити зист зарар расонад, инчунин дар дигар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани қоидаҳои шаҳрсозӣ ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона эътироф карда намешавад.

Дар ҳолати куллан ба лоиҳа мувофиқ набудани сохтмон, ки ба манфиатҳои ҷомеа мухолифат дорад ё ҳуқуқи шахсони дигарро вайрон менамояд, ё вайронгардии ҷиддии меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ҷой дорад, суд дар асоси даъвои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии худидоракунӣ метавонад қарор қабул намуда, шахси сохтмонкардаро уҳдадор намояд, ки азнавсозии сохтмонро тибқи талабот анҷом диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.