Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти се нафар бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухаддир (ҳашиш ва афюн) ба хориҷи кишвар хабар додааст. Онҳо воситаҳои нашъадорро бо роҳи ғайриоддӣ - дар зери дегҳои афғонӣ мехостанд ба хориҷа равон кунанд.
Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар дода, аз гумонбарон Саъдӣ Олимов, сокини ноҳияи Зафарабод, Азизҷон Арзумурадов ва Суҳроб Юлдашев сокинони ноҳияи Спитамен ном бурдааст. Онҳоро кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе “дар асоси маълумоти оперативӣ” боздошт кардаанд.
Манбаъ гуфтааст, ки онҳо ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар боздошт шудаанд. Аммо мақомот нагуфтаанд, онҳо маводи мухадирро чӣ гуна ба кишвар ворид кардаанд ва нияти ба куҷо интиқол додани онро доштаанд.

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар пойтахт нашр кардааст, яке аз гумонбарон мегӯяд, ки “афюн”-ро дар таги дегҳои афғонӣ аз Афғонистон ҷойсоз кардаанд ва ба ӯ фаҳмонидаанд, ки зерашро бурида маводро гиранд.
Мақомот нисбати боздоштшудаҳо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар андозаи махсусан калон (моддаи 200 қисми 4)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Ин моддаи қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи ин афрод ба иттиҳоми мақомот маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки пулиси пойтахт аз боздошти чанд нафар бо гумони интиқоли маводи мухаддир ва мусодираи ҳаҷми зиёди воситаҳои нашъадор хабар медиҳад.
Моҳи январи соли равон ин ниҳод аз боздошти “як гурӯҳи нашъаҷалоб иборат аз 5 нафар” хабар дода буд, ки аз онҳо 127 кг воситаҳои гуногуни нашъадор (55 кг ҳашиш ва 72 кг афюн) дарёфту мусодира шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳ, воситаҳо нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷалоби афғонистонӣ қабул карда, “бо ёрии ҳаммаслакони худ ба фурӯш мегузоштааст”.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.
Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.
Аз машқҳои пинҳонӣ то қаҳрамонӣ. Чӣ гуна Мадина нахустин медали “Grand Slam”-ро миёни занон соҳиб шуд?
"Ҳофизхонӣ" дар "Азия-Плюс" ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
Юнуси Имомназар: Дар ҳар шаҳри Ӯзбекистон бояд дӯкони китоби тоҷикӣ боз шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 3
Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Алии Хоманаӣ: “Исроил бояд интизори муҷозоти сахте бошад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июни соли 2025
Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард?
Даҳ адиби тоҷик сазовори ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд. Онҳо кистанд?
Суқути ҳавопаймои "Air India" дар Ҳиндустон бо беш аз 240 мусофир
Амрико бархе кормандони худро аз сафорат ва пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои Ховари Миёна берун мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста