Додгоҳи шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-ро барои қариб 4 моҳи дигар тамдид кард.
Дафтари матбуоти додгоҳ менависад, боздошти Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати 3 моҳу 28 рӯз тамдид шудааст.
Сабаби тамдиди мӯҳлати боздошт шарҳ дода намешавад.
Ин бори шашум аст, ки додгоҳ ҳабсии пешакии гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро тамдид мекунад. Бори охир додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро то 22-юми май дароз карда буд. Қаблан, рӯзи 19-уми феврали соли равон додгоҳ бори дигар муҳлати ҳабси онҳоро як моҳ - то 24-уми март дароз карда буд.
Ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 22-юми марти соли 2024 рух дода буд. Бар асари он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд.
Моҳи майи соли 2024 ХБФ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи “ДОИШ-Хуросон” дар ин ҳамла даст доштааст.
Дертар Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Хадамоти гумрук: Боҷ барои воридоти телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20% аз арзиши гумрукии телефон аст
Нархи сабзавот дар Тоҷикистон боло рафт. Сабаб дар чист?
Аз “Шаҳри ҳушманд” то кӯдакистони муосир. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе кадом биноҳоро ифтитоҳ кард?
Идомаи ҳамлаҳо, “ду ҳафта”-и беохири Трамп ва эҳтимоли оғози гуфтугӯ. Ҳаштумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
“Касе осеб надидааст”. Тарабхонаи “Яккасарой”- и Хуҷанд ба коми оташ рафт
Сафири Эрон гуфт, аз мавқеи Тоҷикистон, ки ҳамлаи Исроилро маҳкум кард, қадрдонӣ мекунанд
Темур Раҳимов медали биринҷӣ гирифт. Паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо се медал ба ватан бармегарданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Гунҷишк”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июни соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста