Пулиси Душанбе барои пайдо кардани Сабина ва Малика Араловаҳо, ки 12 сол қабл гум шуда буданд, 500 ҳазор ё ним млн сомонӣ ҷоиза ваъда кардаанд. Онҳо моҳи марти соли 2013, замоне ки 5 ва 4 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи "Садбарг" дар Душанбе гум шуданд ва бо вуҷуди кофтукови зиёд то ҳол аз онҳо дараке нест.
Раёсати ВКД дар пойтахт бо нашри як муроҷиатнома ва акси 12 сол пеши онҳо гуфтаст, ки махфият ва амнияти нафаре, ки хабар медиҳад, дар доираи қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.
Ба навиштаи ин ниҳод, маблағи ҷоиза аз ҷониби ин ниҳод пардохта мешавад.
“Нафароне, ки дар бораи ин хоҳарон маълумоти боэътимод доранд, бо рақамҳои 2210057 ва +992 018-02-02-02 метавонанд тамос гиранд”, гуфтааст РВКД.
Падари Сабина: "Рақами телефонамро иваз накардам..."
Улуғбек Аралов, падари Сабина Аралова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳори умедворӣ кард, ки шояд ин ташаббус барои пайдо кардани кӯдакаш кумак кунад.
“Мо ҳама бовар дорем, ки билохира касе вокуниш нишон медиҳад, касе пайдо мешавад, ки ҳадди ақал чизе медонад”, - гуфт ӯ.
Номбурда илова кард, тӯли ин солҳо бо умеде, ки аз он тарафи гӯшӣ садое шунида мешавад, ки духтарашро ба ӯ бармегардонад, рақами телефони худро тағйир надодааст.

“Ҳатто баъди 12 сол мо умеди бозгашти фарзандонамонро аз даст надодаем. Умедворем, ки билохира касе хабари зинда будан ва дарёфти онҳоро меорад ва духтаронамон бо мо хоҳанд буд. Аммо ин хеле сангин аст. Ҳар шаб мо бо ҳамон дард ва умеде, ки рӯзҳои аввали бедаракшавии фарзандонамон доштем, хоб меравему чашм боз мекунем. Ҳар чӣ набошад, мо ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳем шуд”, - мегӯяд падари Сабина.
Вай гуфт, мақомот тафтишотро тӯли ин солҳо қатъ накардааст ва гоҳ-гоҳ тамос мегиранд, то хабари наве шунаванд.
“Аммо посух танҳо хомӯшист. Дил аз дард ба фишор меояд ва чашмон аз ашк пур мешаванд”, - бо дард мегӯяд ӯ.
Сабина ва Малика 12 сол пеш гум шуданд буданд. Аз онҳо то ҳол дараке нест
Малика ва Сабина Араловаҳо амакдухтарҳое мебошанд, ки 12 сол қабл, 25-уми марти соли 2013 каме дуртар аз маркази савдои “Садбарг” ғайб зада буданд. Он замон Сабина 4 ва Малика 5-сола буданд. Ин яке аз ҳодисаҳои пурсарусадотарин дар соли 2013 буд, ки тамоми шаҳрвандони кишварро ба изтироб андохта буд ва тамоми сокинони кишвар бо шеваҳои гуногун ба ҷустуҷӯи онҳо пардохта буданд.
Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ВКД аз ин ҳодиса нигаронӣ карда, онро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” номида буд. Ӯ ба масъулин дастур дода буд, ки барои ҳарҷи зудтар ошкор кардани ин ҷиноят чораҳои зарурӣ андешанд.
Он замон ВКД Тоҷикистон гуфта буд, ки аз тамоми василаҳо ба манзури пайдо кардани Сабинаву Малика истифода карданд. Бар иловаи он ки барои онҳое, ки Сабинаву Маликаро пайдо мекунанд, мукофоти пулӣ ваъда кард, ҳамчунин аз Идораи иктишофӣ ё ФБР -и Амрико низ хост, то дар пайдо кардани ин ду духтари хурдсол кумак кунад.
Аммо дар ҳоле, ки волидайни Маликаву Сабина, гурӯҳҳои ихтиёрӣ ё волонтёрҳо ва мақомот дар ин муддат дар ҷустуҷӯ ва ё кӯмак барои пайдо кардани онҳо буданд, дар оғоз овозаҳои мухталифе ба падару модари онҳо мерасид, ки тифлаконеро дар гушае аз шаҳр дидаанд, ки ба Маликаву Сабина монанд ҳастанд. Вале бе натиҷа...
Ҳатто хабарҳое пахш шуд, ки гуё касе онҳоро дар маҳалли лӯлинишини Лучоб дидааст. Мақомоти интизомӣ низ ба волидайни кӯдакон кӯмак карданд ва ба ин маҳалла рафтанд, аммо боз ҳам ин хабар дурӯғ баромад.
Чанд сол акси ин ду духтарак дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар бозору дохили автобусу тролейбусҳо часпонда шуда буданд, садҳо ихтиёрӣ онҳоро дар гӯшаву канори Душанбе мекофтанд.
Вале то ҳол дар робита ба нопадид шудани Сабина ва Малика Араловаҳо ҷузъиёте кашф нашудааст. Бо вуҷуди ин, волидони онҳо аз пайдо шудани духтаронашон чашмдоранд ва умедро аз даст намедиҳанд. Мақомот ҳам паврандаро қатъ накардаанд ва ҷустуҷӯ идома дорад.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста