Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон то ҳол тасмим нагирифтааст, ки дар мурофиаи додгоҳии гумонбарони ҳамали террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл", ки аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ширкат кунад ё не. Пайвандони гумонбарон ҳам барои ҳифзи ҳуқуқашон ба ин ниҳод муроҷиат накардаанд.
Имрӯз муҳокимаи гумонбарон ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав оғоз ёфт. Мурофиаи ин парванда дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард.
Умед Бобозода, Омбудсмени кишвар гуфт, барои ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ бояд ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд.
“Агар Русия иштирок дар мурофиаҳои судиро барои намояндаи дигар давлатҳо манъ накарда бошад, шояд иштирок кунем. То ҳол муроҷиат накардаем. Агар мо муроҷиат кунему ҷониби дигар розӣ шавад, шояд ширкат кунем”, - гуфт Умед Бобозода.
Ӯ инчунин гуфт, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин қазия бо ҳамтоёни русашон ҳамкорӣ доранд ва таъкид кард, ки дар пайи ин ҳамкорӣ ва вокуниш ошкоро шиканҷа додани гумонбарон пешгирӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Бобозода, бо гузаште беш аз 1 сол ҳеҷ кадоме аз пайвандони гумонбарон барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат накардааст.
Ба иттилои расонаҳо, ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зеро ба қавли мақомоти Русия, дар маводи парванда маълумоти махфӣ мавҷуд аст.
Илова бар ин, ифшои баъзе маълумот дар ҷаласаи ошкор метавонад ба таҳқиқот нисбат ба афроде, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, халал расонад, менависад ТАСС.
Бояд гуфт, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми 19 гумонбар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консерти "Крокус Сити Холл"-и канораи Маскав баррасӣ мешавад: Фаридуни Шамсидин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷабализода, Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммад Шарифзода, Ёқубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Исроил Исломов, Диловар Исломов, Аминҷон Исломов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев ва Алишер Қосимов.
Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов. Мақомоти тафтишотӣ иддао мекунад, ки маҳз онҳо дар “Крокус” тирпарронӣ карда, баъди оташзанӣ фирор кардаанд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста