Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду зани тоҷик барои бурдани растании ҳазориспанд ба Русия боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Додгоҳи Русия яке аз ин занҳоро ба муҳлати 8 сол ба зиндон маҳкум кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, ки занҳо ин гиёҳро “бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ба Русия бурдаанд, ки дар фурудгоҳҳои ин кишвар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”.
Ба иттилои додситонӣ, нисбати яке ин занон бо иттиҳоми нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол ва коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир (моддаи 228, қисми 2) ва ҳаракати ғайриқонунӣ, тавассути сарҳади гумрукии Русия гузаронидани растаниҳои дорои маводи мухаддир (моддаи 229 иловаи 1, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Русия) паврандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
“Пас аз ба итмом расонидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирон бо ҳукми суди Федератсияи Русия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст”,-навиштааст Додситонии кул.
Ин ниҳод дар бораи тақдири дуюм зани боздоштшуда иттилоъ надодааст. Ҳамин тавр маълум нест, назари ин ду зани тоҷик ва пайвандони онҳо дар робита ба ин қазиячӣ аст.
Додситонии кул ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар сурати аз 10 адад зиёд бурдани “ҳазориспанд” интиқолдиҳандаро 1 миллион рубли русӣ ҷарима ва ё ҳабси абад таҳдид мекунад.
Аз моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд дар қаламрави Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид шуда, барои гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи он (шахсӣ ва тиббӣ) ҷарима ва ё ҳабс пешбинӣ шудааст.
Қаблан ВКД Тоҷикистон низ ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дода буд, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ахиран, намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҳам номи 10 растание, ки бурдани онҳо ба Русия манъ аст нашр карда, аз шаҳрвандони кишвар хост, аз бурдан ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.
Инҳо кадом растаниҳоянд ва барои бурдану истифодаи онҳо чӣ ҷазо таъин карда мешавад дар ин пайванд мутолиа кунед.





Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста