Як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони латукӯб ва куштори падари 67-солааш боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 14-уми октябр Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин падару писар сокинони ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи мазкур буда, ҳангоми мастӣ байнашон муноқиша сар задааст. Дар натиҷа, ба қавли пулиси Суғд, ҷавон падарашро бо корд мезанад, ки боис ба марги ӯ мешавад.
Мақомот гуфтаанд, гумонбаршуда барои пинҳон кардани кирдори худ ҷасади падарашро ба ҳавз партофтааст. Назари боздоштшуда дар робита ба ин гуфтаҳои пулиси Суғд ба расонаҳо маълум нест.
Ӯ дар гузориши мақомот тасдиқ мекунад, ки ин корро анҷом додааст, вале маълум нест, ин навор таҳти чӣ шароите сабт гардидааст.
Мақомот алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин итиҳом, ба ӯ аз 15 соли зиндон то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад.
Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.




“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба ифтихори зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов
Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд
ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир”-ро қабул кард
Файзулло Файзов: “Маҳмадсаид Шоҳиён шахсан Қурбон Собирро барои нақши Ҷомӣ пешниҳод кард!”
Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад
“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард
Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста