Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти ду ҷавони дигар бо гумони фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ("хлопушка" ва "салют") иттилоъ дода, гуфтааст, алайҳи онҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Аз ҷумла, дирӯз, 8-уми декабр пулиси Душанбе аз боздошти Меҳрубон Абдурасулов ном сокини 21-солаи пойтахт иттилоъ додаааст. Манбаъ гуфт, аз ӯ 15 ҳазору 300 дона маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти “Трения” дарёфт ва мусодира шудааст.
Пулиси Душанбе мегӯяд, “бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1 Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ), тафтишоти пешакӣ идома дорад”. Ин банди қунун то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, сомонаи ВКД навиштааст, ки рӯзи 5-уми декабр дар Балҷувон ҷавони 32-сола ҳангоми фурӯши маводи тарфгарӣ дар мағозаи хӯроквории “Усмонҷон” дастгир шудааст. Манбаъ менависад, ки аз мағозаи ӯ 70 қуттӣ, ки дар дохили ҳар яке 10 қуттичаи дорои 45 “капсула”-и тарфгарӣ мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира шудааст.
Нисбати боздоштшуда бо қисми 2-и моддаи 199 (иловаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калон” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қунун то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.
Мақомот бори дигар аз шаҳрвандон талаб кардаанд, ки барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба мақомот мусоидат кунанд.
Бояд гуфт, мавсими мусодираи маводҳои тарфгарӣ ё ба иcтилоҳи маъмул “шикори хлопушка” дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ оғоз шуда, мақомот қаблан низ аз боздошти як ҷавон ба фурӯши маводи тарфгарӣ хабар дода буд.
Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.
Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.
Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазоҳо пешбинӣ шудааст, дар ин маводи мо хонед.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста