Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як ҷавони 19-сола ба далели “куштори сокини 18-солаи маҳаллӣ” дар шаҳри Электростали вилояти Маскав хабар доданд. Расонаҳои ин кишвар гумонбарро зодаи Тоҷикистон гуфта, аз ӯ Имомалӣ Турдиев ном бурдаанд.
Ба навиштаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Электростал, дар пайи муноқиша байни гурӯҳи ҷавонон ва як мусофири 19-сола дар дохили автобус рух додааст.
Манбаъ менависад, задухӯрд байни онҳо дар истгоҳи наздиктарин идома ёфтааст.
“Ҷавони 19-сола корд бароварда, ба қисмати гардан ва бадани яке аз ҷавонон зарба задааст. Бо вуҷуди расонидани кӯмаки тиббӣ, ҷабрдида ба ҳалокат расид”, - навиштааст ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии РБК навиштааст, ки, муноқиша баъди он сар зад, ки гурӯҳи ҷавонон ба занони мусофири автобус бадахлоқӣ карда, ишораҳои ношоиста нишон медоданд. Ҷавони 19-сола аз занон ҳимоят мекунад ва гурӯҳи ҷавонон аз автобус берун шуда, дар истгоҳ бо ҷавони 19-сола задухӯрд мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ин занозанӣ нашр шудааст, ки дар он муноқишаи гурӯҳи ҷавонон, лаҳзаи кордзании яке аз онҳо ва автобуси хунолудае, ки бо он ҷавони захмиро ба нуқтаи тиббӣ интиқол додаанд, дида мешавад.
Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав навиштааст, ки нисбати ҷавони боздоштшуда бо қисми 1-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия, (одамкушӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Вале Сарраёсат нагуфтааст, ки боздоштшуда зода ва ё шаҳрванди кадом кишвар аст.
Дар навори бозпурсии ҷавон дар Кумитаи тафтишотӣ, гуфтааст, “дар он замон дар ҳолати шокӣ қарор дошт ва намедонист, ки чӣ кор мекунад”.
Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо ин ҳодисаро “куштори ҷавони рус аз ҷониби муҳоҷир” унвон додаанд. Ба навиштаи "Новости Москвы", боздоштшуда Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон буда, баъдан бо оилааш ба шаҳри Кемерово кӯчидааст.
Наздикони Имомалӣ Турдиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки бо ӯ ба тамос баромада наметавонанд ва наворҳоро дар интернет дидаанд.
“Ба ӯ занг мезанем, аммо дастнорас аст. Намедонем куҷост ва чӣ ҳол дорад. Ӯ чунин карда наметавонист, ӯ ҷавони хуб аст”, - гуфтаанд пайвандонаш.
Бояд гуфт, ҷиноят ва ё ҳатто қоидавайронкуниҳое, ки дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон ва ё зодагони Осиёи Марказӣ рух медиҳанд, дар расонаҳои ин кишвар густурда паҳн ва маҳкум мешавад. Аммо аксар ҷиноёте, ки нисбати муҳоҷирон анҷом дода мешавад, паси парда мемонад ва расонаҳову мақомот ҳам аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунанд.
Аз ҷумла, куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактаб, ки вокуниш ва нигаронии тунди на танҳо ҷомеаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки аксар кишварҳои ҷаҳонро барангехт, дар расонаҳои федеролии Русия қариб, ки пӯшиш дода нашуд ва ё чун як хабари ҷиноии рӯзмарра инъикос шуд.





Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Қонуни афв барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард
Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд
“Мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”. Додситони кул даргириҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шарҳ дод
“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод
“Парвандаи Абдуллозода рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад”. Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки чаро роҳбари пешини Фурудгоҳи Душанбе дар озодӣ аст
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст
“Дар баррасии ҳукумат аст”. Дар Тоҷикистон ҳанӯз корхонаи коркарди “аккумулятор” мавҷуд нест
Ду сол боз дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафед содир нашудааст. Раиси Додгоҳи олӣ сабаби инро шарҳ дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста