Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон давоми як соли гузашта 405 нафарро барои гузоштани “лайк” зери муҳтавои хусусияти ҳаросафкану ифротгароидошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин нафарон баъди дастури раисҷумҳури кишвар дар хусуси худдорӣ кардан аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба гузоштани “лайк”, шарҳ ва вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери муҳтавои хусусияти ҳаросафкану ифротгароидошта ва иловаи эзоҳи дахлдор ба Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.
“Соли 2025 нисбати 405 нафар эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии ҶТ вобаста ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию терористидошта татбиқ гардида, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”, - гуфт Воҳидзода.
Ба қавли додситони кул, дар пайи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани ин теъдод одамон, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти ҳаросафкану ифротгароидошта (террористиву экстремистӣ) нисбат ба соли 2024-ум 314 адад ё 23,3% кам шудааст.
Бояд гуфт, ки соли 2018 ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки дар онҳо барои давъатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм бо шумули амалҳо дар интернет муҷозот пешбинӣ шуд.

Лайку бознашр ва шарҳҳои зери мавод, ки ба ифротгароиву терроризм алоқаманд буданд, ба сифати далели даст доштан ба фаъолияти ҷинояткорӣ дониста мешуданд. Мувофиқи тағйирот, барои ин амалҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ шуд. Чанд соли амали ин меъёри қонун, мақомоти кишвар аз боздошту зиндонӣ шудани нафарони зиёд бо ин иттиҳом, хабар медоданд.
Моҳи апрели соли гузашта, Умед Каримзода, муовини якуми додситони кул, бори аввал ва ба таври бесобиқа гуфта буд, ки то он лаҳза 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта” дар зиндонҳо қарор доранд. Ин омор дар соли ҷорӣ тағйир ёфтааст ё не, маълум нест.
Баъди шаш соли қабули ин илова, моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои “лайк”-у бознашри матолиб дар интернетро интиқод ва бекор кардани онро талаб кард.
Дар пайи ин, моҳи апрели соли гузашта зимни як иҷлосия парлумони кишвар илова ба Қодекси ҷиноятӣ бекор кардани “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк” баррасӣ ва пазируфта шуд. Онро 14-уми майи соли 2025 раисҷумҳур имзо кард.
Ҳамин тавр, баъди мавриди амал қарор гирифтани он, гуфтугӯҳо дар мавриди бозбинии ҳукмҳое, ки барои писандидану бознашри матолиб дар интернет содир шуда буданд, доғ шуд.
Қонунгузории кишвар имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан (“лайк”)-у бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда содир шудаанд, пешбинӣ кардааст.
Вале, Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта ягон муроҷиат дар хусуси бозбинии чунин парвандаҳо ба додгоҳҳои кишвар ворид нашудааст.





Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Доллар боло, вале рубл поин рафт. Таъсири ҷанг алайҳи Эрон ба қурби асъор дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста