Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» – | Имрӯз дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди миллӣ баргузор мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили марбут ба амалисозии барномаи «Стратегияи миллии рушд: афзалиятҳои миллӣ ва омилҳои таъсиррасон ба татбиқи он» мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори чаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамчунин шарикони Тоҷикистон оид ба рушд ширкат хоҳанд варзид.