Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзҳои 25 то 28-уми майи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Чайка»-и ноҳияи Варзоб курсҳои омӯзишии мактаби пешвоёни ҷавон баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Ичроияи Марказии ҲХДТ Зоирҷон Ҳабибов хабар дод, дар расми кушодашавии он муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Сафаров , Вазири маорифи ҶТ Раҳмонов А., мушовири калони Президенти ҶТ Кошонов С. ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Неъматов М. иштирок ва суханронӣ намуданд. «Ба курси омӯзишии мазкур донишҷӯёни макотиби олии пойтахт ва раисони бахши кор бо ҷавонони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват шуда, ба онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ходимони давлатӣ ва олимону муҳаққиқони маъруфи кишвар маърӯзаҳо қироат намуданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, дар доираи чорабинии мазкур инчунин маҳфили зарифон, озмуни таҳияи рӯзномаи деворӣ ва як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида , ба ғолибон аз ҷониби муовини Раиси ҳизб Латипов мукофотҳои таъсиснамудаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ тақдим карда шуд. «Ҳадаф аз баргузории курсҳои омӯзишии мазкур - гузоштани заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои оинномаии ҳизб аст, ки баҳри суботи сиёсии ҷомеа равона карда шудаст», - афзуд Зоирҷон Ҳабибов.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста