Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори варзидаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ҳамаи истифодабарандоги сомонаи www.turajon.com даъват ба амал овард, ки воситаҳои алтернативии дастрасӣ ба сомона, аз ҷумла тавассути прокси-серверро ҷустуҷӯ кунанд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки дар манъи дастрасӣ ба сомонаи зикршуда ба ҷуз тавсияи роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумат Бег Зуҳуров, ҳамчунин беҷуръативу дудилагии интернет-провайдерони Тоҷикистон низ боис гардидааст.
«Ҳангоми манъи дастрасӣ ба сомона ман дар хориҷи кишвар қарор доштам, ва пас аз бозгашт ба ватан, бо номаи Бег Зуҳуров ошно гардида, воқиф шудам, ки роҳбари Хадамоти алоқа аз провайдерон на талаб, балки дархост мекунад, ки «бинобар ба вуҷуд омадани мушкилоти техникӣ муваққатан дастрасии муштариён ба сомона манъ карда шавад», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 20-уми майи соли ҷорӣ бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар дастрасӣ ба сомонае, ки дар он мақолаву гузориш ва андешаву назарҳои бародарон Тӯраҷонзодаҳо – Ҳоҷӣ Акбар, рӯҳониён Эшони Нуриддин ва Эшони Маҳмудҷон дар бораи фарҳанги исломӣ нашр мешуданд, манъ карда шуд. Ҳамчунин робитаи мутақобилаи истифодабарандагони сомона низ манъ гардид.
Сомонаи мазкур дар дохил ва хориҷи кишвар ҳаводорони зиёде дошта, дар муддати як соли фаъолият аз он як миллион нафар муштариён истифода кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста