Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Гурўҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистонро, ки таҳти роҳбарии Раиси Идораи рушди иқтисод ва савдои Покистон Тариқ Иқбол Пурӣ тайи се рўз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла бо ҷалби васеи соҳибкорону тоҷирон баррасӣ гардид.
Тариқ Иқбол Пурӣ нахуст ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои мулоқоту сўҳбатҳои серўзаи гурўҳи 118 – нафараи соҳибкорону тоҷирони Покистон бо роҳбарони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузориш дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, зироаткорӣ, моҳипарварӣ, коркарди нахи пахта, пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли семент, рушди тиҷорати мутақобила ва дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тавофуқоти зиёд ҳосил шуд. Доир ба бунёди як корхонаи нассоҷӣ барои коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ созишнома ба имзо расид.
ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро доир ба густариши ҳамкории энергетикӣ, ба роҳ мондани интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва таъмини робитаи доимию ногусастании ду кишвар аз тариқи роҳҳои заминию ҳавоӣ таъкид намуданд.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ, омўзишӣ ва атрофи дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста