Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Раҷаби Мирзо дар робита ба ташрифи вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин боздид аслан ба баррасии масъалаи мақоми марзбонони русиягӣ дар Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд.

«Фикр мекунам, ки давраи сеюми гуфтушунидҳо оид ба мақоми марзбонони русиягӣ дар Тоҷикистон барои Русия ба нокомӣ анҷом ёфт ва айни замон Русия хостори таҳкими ҳузури низомии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст», - мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи коршинос, дар Кремл бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон барои он тамоми шароити мусоид, аз ҷумла озод будани фурудгоҳи Айнӣ мавҷуд аст. «Барои Тоҷикистон гутушунидҳо осон нахоҳанд буд, зеро дар Кремл муддати зиёд аст, ки ба интизориҳои Душанбе таваҷҷӯҳ зоҳир намесозанд», - иброз дошт вай.

Мавсуф мегӯяд, дар Кремл кайҳо мӯътақиданд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон худашон аз онҳо дархости кӯмак мекунанд,  вале барои Русия минтақа муҳим аст. «Дар Кремл бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ҳеҷ ҷойи гурез надорад», - мегӯяд ӯ.

Коршинос бар ин назар аст, ки боздиди мансабдорони русиягӣ пас аз ташрифи як қатор мансабдорони Ғарб худ гувоҳи нишонаҳои нахусти нави мавҷи муқобилияти абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа аст, аммо дар Душанбе то ҳол дарк накардаанд, ки бозигарони ин мубориза кайҳо стратегияи худро иваз кардаанд.

«То ҳанӯз дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки метавон аз рӯйи қоидаҳои кӯҳна амал кард. Ислом Каримов дар ин самт бештар муваффақона амал мекунад, зеро то ташрифи президенти Русия ба Ӯзбекистон ӯ ба Чину Ҳиндустон сафар анҷом дод. Ҳукуматдорони мо то ҳанӯз бар ин ақидаанд, ки метавон бо қоидаҳои кӯҳна – Аврупо – ИМА – Эрон амал кард, вале ин аллакай ёрӣ намерасонад ва ҳатто изҳороти роҳандозии ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши низомӣ низ ҳеҷ аҳаммияте надорад, зеро на дар Вашингтону на дар Маскав ба ин бовар надоранд», - афзуд Раҷаби Мирзо.