Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ноамниии ба задухӯрд миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни мусаллаҳ боисгардида дар нимаи дуюми соли 2010 дар Тоҷикистон метавонад соли 2011 такрор шавад. Дар ин хусус дар гузориши рӯзи 27-уми июн интишоршудаи Freedom House таҳти унвони «Кишварҳои давраи гузариши соли 2011» хабар дода мешавад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки таъқибу ҳабс ва зиндонӣ кардани афроди машғул ба дину ислом метавонад ба бад шудани вазъ мусоидат намояд ва роҳандозии чунин сиёсат қобили қабул набуда, ба фаъол шудани рӯҳияи ифротгароӣ дар кишвар оварда мерасонад.

Давр ҳамин ҳол, дар гузориш гуфта мешавад, соли равон имкони боз кардани конҳои бузурги истихроҷи газ дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест, ки ин омил ба таҳкими амнияти дохилӣ мусоидат менамояд.

Дар гузориш ҳамчунин қайд шудааст, ки 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр кардаанд ва ҳамасола ба оилаҳои худ 2,5 млрд. доллари ИМА маблағ мефиристанд. «Маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои аксари оилаҳои тоҷик сарчашмаи ягонаи даромад аст», - таъкид мегардад дар гузориш.

Дар гузориш ба он ишора меравад, ки дар сурати хурӯҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон, дар ҷануби кишвар сар задани даргириҳо бо гурӯҳҳои ҷангиёни афғон, аз ҷумла узви Ҳаракати исломии Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин дар гузориш ҳушдор дода мешавад, ки агар ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ риояи ҳуқуқҳои асосии инсон ва усулҳои демократияро нодида гирад, суботи сунъии мавҷуда дер нахоҳад поид.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи майи соли равон Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) ҳукуматдорони Тоҷикистонро аз сар задани даргириҳои мусаллаҳона ҳушдор дода буд. Дар гузориши дар сомонаи расмии ICG (www.crisisgroup.org) интишоргардида гуфта шуда буд, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон – қашшоқтарин ҷумҳурии минтақаи Осиёи Марказиро қабл аз ҳама Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ки ташкили халифати исломӣ ҳадафи аслиаш аст, метавонад рӯйи кор оварад.

Ҳамчунин дар гузориш зикр гардида буд, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи мухолифи ҳукумат амал мекунанд, ки феълан ҳарчи бештар таваҷҷӯҳи худро ба шимол равона сохтаанд ва ба марзи 1400 километраи Тоҷикистону Афғонистон торафт наздиктар меоянд.

Ҳамчунин дар гузориши ICG чунин ибрози андеша шуда буд, ки Тоҷикистон амалан  воҳидҳои махсуси низомиеро доро нест, ки ба ин гурӯҳҳои мусаллаҳ истодагарӣ карда тавонанд ва мутобиқи маълумоти ICG, ошкор шудааст, ки дар кишвар ҳамагӣ каме беш аз 30 низомие мавҷуд будааст, ки қобилияти хуби муқобилият ба ин гурӯҳҳоро доштааст.

Дар гузориш таъкид гардида буд, ки дар ҷумҳурӣ насли нави мухолифини мусаллаҳ ба воя расидаанд, ки нияти ҳисобаробаркунӣ бо ҳукуматдорон барои ҷанги бохта дар солҳои 1992-1997-ро доранд. Қайд шуда буд, ки ҷомеаи Тоҷикистон феълан ҳарчи бештар ба ислом гаравида, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муносибаташро бо ҳукумат тундтар менамояд.