Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз дидор бо президенти Тоҷикистон роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон миёни Маскаву Душанбе оид ба масоили марзӣ созишнома ба имзо хоҳад расид.

Ба қавли С.Наришкин, Тоҷикистон соли ҷорӣ вазифаи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда дорад ва дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омодагӣ ба нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви созмон, ки 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. «Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон аввалҳои моҳи сентябр низ баррасӣ шуд», - иброз дошт ӯ.

Номбурда гуфт, дар ҷараёни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон Барномаи ҳамкории иқтисодии дуҷониба барои солҳои 2011-2014 ва Созишнома дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Русия оид ба масоили марзӣ ба тасвиб хоҳад расид.

Роҳбари маъмурияти президенти Русия ҳамчунин зикр намуд, ки дар дидор бо сарвари давлати Тоҷикистон маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷониба баррасӣ шудаанд. «Ман бар ин назарам, ки ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар аст», - изҳор кард вай.

Дар робита ба масъалаи истифодаи фурудгоҳи Айнӣ аз ҷониби Русия, Сергей Наришкин гуфт, зимни мулоқот ин масъала низ баррасӣ шуда, айни замон он дар марҳилаи ҳаллу фасл қарор дорад.

Пас аз дидор бо сарвари давлати Тоҷикистон С.Наришкин ва вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков озими Маскав шуданд.