Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мизи мудавваре, ки аввали ҳафтаи равон таҳти унвони «Афғонистон: раванди сулҳ ва нақши бозигарони калидии минтақа ва ҷаҳон» дар шаҳри Брюссел доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев чунин ибрози андеша намуд, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» ва «Даштиҷум» ба эҳёи иқтисоди Афғонистон кӯмак хоҳанд расонид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони ҳукуматҳои Афғонистон, Иттиҳоди Аврупо, сафирони Афғонистон, Тоҷикистон, ИМА, Эрон, Русия, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон  дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Аврупо, ки дар Афғонистон фаъолият дорнд, ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон дар ИА дар суханронии худ аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати Афғонистон баҳри таъмини сулҳу субот дар ин кишвар пуштибонӣ намуда, изҳор доштааст, ки сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон ба таъмини мунтазами иншооти саноатӣ бо нерӯи барқ ва азхудкуниву обёрии заминҳои нав шароит фароҳам месозад.

Ба иттилои манбаъ, Р.Солиев амалисозии лоиҳаи CASA-100-ро барои рушди иқтисоди Афғонистон муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардааст, ки омили муҳими дигари таъмини рушди устувор ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгиройии минтақавӣ тавассути роҳандозии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Дипломати тоҷик ҳамчунин таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба рушди тиҷорати наздимарзӣ бо Афғонистон, сохтмони пулҳо дар рӯдхонаи Панҷ ва рушди робитаҳои коммуникатсионӣ миёни ду кишвар ҷалб сохтаааст.