Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилдро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.

 Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Амрико дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ки аз ҷумла дар шакли омодасозии кадрҳо, машғулиятҳои муштарак ва расондани кўмакҳои техникӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Аз ду ҷониб таъкид гардид, ки дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистону Амрико бояд бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Русия ҳамгироии зич  ба роҳ монанд.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои судманди муштарак дар Афғонистон, аз ҷумла несту нобуд кардани киштзорҳои растаниҳои нашъадор ва муборизаи босамар бо қочоқбарон вақтҳои охир гардиши маводи мухаддир рў ба коҳиш овардааст. Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба идомаи муборизаи муваффақона бо ин вабои аср ва ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар дигар самтҳо таъкид намуданд.