Душанбе. 4-уми ииюл. «Азия-Плюс» — | Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон дар шахри Душанбе Анҷумани 29-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили парлумони кишвар Шодӣ Шабдодов хабар дод, дар анҷуман аз фаъолияти панҷсола натиҷагирӣ шуда, интихоботи мақомоти нави роҳбарии ҳизб баргзор хоҳад шуд. «Дар кори анҷуман узви фаъоли тамоми манотиқи кишвар ширкат хоҳанд варзид», - гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, бинобар мушкилоти молиявӣ, ки имрӯз ҳизб бо он рӯбарӯст, ба анҷуман намояндагони Ҳаракати байнулмилалии коммунистӣ ва ҳамтоҳои коммунист аз хориҷи кишвар даъват нашудаанд.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон феълан 40 ҳазор аъзо дошта, аз соли 1991 то имрӯз Шодӣ Шабдолов роҳбари он аст.