Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Миёна Мирослав Енча баргузор гашт.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таҳкими амнияти минтақа, мубориза зидди терроризм, таҳкими мудирияти сарҳад, рушди гидроэнергетика ва вазъият дар Афғонистон муҳокима шуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва дӯстона баргузор шуд.