Душанбе. 11-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолови 67-сола боз раиси ҳизб интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  аз Дастгоҳи ҳизб хабар доданд,  дар анҷуман  ҳисоботи фаъолияти ҳизб дар тӯли панҷ соли сипаригашта шунида шуда, ҳайати нави Кумитаи Марказӣ ва комиссияи тафтишотӣ интихоб гардидааст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор дошт, ки ҳадафҳои асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқи  иҷтимоии шаҳрвандон, баробарҳуқуқӣ, дастрасӣ ба таълимот ва хизматгузории ройгон боқӣ мемонанд. «Дар кори анҷуман аъзои ҳизб аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ширкат варзиданд», - гуфт ӯ.

Ба қавли вай, бинобар камбуди молиявӣ намояндагони ҳаракати бйнулмилалии коммунистӣ ба кори анҷуман даъват карда нашуданд.

Феълан Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 40 ҳазор нафар узв дорад. Шодӣ Шабдолов аз соли 1991 пешвои коммунистони Тоҷикистон аст.