Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз баргузор шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар соҳаи таъмин намудани аҳолӣ бо дастрасии хизматҳои тиббӣ ва оби нӯшокӣ, аз ҷумла сохтмони бинои маркази КБСС дар ноҳияи Рашт, маркази тибби муосир бо таҷҳизоти ташхисии тиббӣ ва лоиҳаи бо об таъминкунии аҳолӣ, муҳокима гардиданд. Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи минарубӣ ва таҳкими иқтидор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла беҳсозии шарту шароит дар муассисаҳои пенититсиарӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

 Бояд қайд кард, ки Намояндагии КБСС фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 1993 оғоз кардааст. Дар ҳошияи фаъолияти худ КБСС кӯмаки башарӣ ва тиббӣ мерасонад, барои интишори дониш дар соҳаи ҳуқуқӣ байналмилалии башарӣ мусоидат карда, барномаи огоҳи аз хатари минаҳоро татбиқ менамояд.