Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ доир гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар бинобар қатли бародараш ба президенти Афғонистон ва тамоми мардуми кишвари ҳамҷавор изҳори ҳамдардӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бори дигар таъкид сохт, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Афғонистон  дар муборизаи беамон алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ омода аст.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин перомуни масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор намуданд.