Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ба ноҳияи Файзобод сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафар сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди истиқлол бунёдёфта ширкат хоҳад варзид. «Ҳамчунин иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фъолони ноҳия дар назар аст», - гуфт сарчашма.

Ба қавли манбаъ, зимни вохӯриҳои сарвари давлат бо намояндагони гуногуни бахши иқтисоду кишоварзии ноҳия ба масъалаи таъмини амнияти ғизоии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.