Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев интихоб гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар конфронси вилоятии ҳизб, ки дар таърихи 17-уми июл доир гардид, ҳамчунин даҳ нафар вакилони вилоят низ ба анҷумани навбатии ҳизб интихоб шудаанд. Баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ ахири соли равон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз марги нобаҳангоми собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ Сироҷ Калонов, тайи як соли ахир бахши вилоятии ҳизб бидуни роҳбар фаъолият дошт ва тамоми ин муддат ҳизб пайи ҷустуҷӯйи номзади арзанда буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҲНИТ дар сафҳои худ ҳудуди 40 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 2 ҳазор нафарашон сокинони ВМКБ мебошанд.