Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 18 июли соли 2011 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 бо иштироки фаъолони пойтахт баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки тибқи маълумоти фаврии оморӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввал 2830,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010 бо нархҳои ҷорӣ 106,5 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010-ум 3,2 фоиз зиёд шуда, 25,4 фоизро ташкил намуд.

Ба иттилои манбаъ, музди меҳнати миёнаи номиналии як корманд  дар моҳҳои январ-майи соли 2011-ум  дар пойтахт 805,58 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум (636,3сомонӣ) 126,6 фоиз зиёд аст. «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 209 корхонаи шаҳр дар ҳаҷми 404,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли 2010 ба 115,9 фоиз баробар буда,  55,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад», - гуфт ӯ.

Ш.Саидов ҳамчунин гуфт, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба корҳои мавриди истифода қарор гирифтани корхонахои нави истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва фурӯзонаҳои каммасраф ба муносибати ҷашни истиқлол ва гузоштани хишти аввали бунёди корхонаи истеҳсоли троллейбусҳо ва велосипед дар шаҳри Душанбе то ҷашни мазкур вусъат бахшида шавад. «Раиси пойтахт бори дигар таваҷҷӯҳи фаъолони пойтахт ва кулли масъулинро ба тақвияти корҳои омодагӣ нигаронида, бо ин мақсад дастур дод, ки баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе то 31 июли соли 2011 ба анҷом расонида шавад», - афзуд котиби матбуотии раиси пойтахт.